LIVE

Мунтахаби U-19-и Тоҷикистон дар "Ҷоми кишварҳои арабӣ" ширкат мекунад

Дастаи мунтахаби ҷавонони зери 19 солаи Тоҷикистон аз 20-уми июн то 6-уми июл дар мусобиқаи "Ҷоми кишварҳои арабӣ", ки дар давлати Миср баргузор мешавад, иштирок мекунад. Дастаи ҷавонони мо шомили гурӯҳи "Б" гардида, бо ҳамсолонашон аз кишварҳои Марокаш, Амороти Араб ва Ҷибути майдондорӣ мекунанд. Тими миллии ҷавонони зери 19 солаи кишвари моро дар ин мусобиқа Аҳлиддин Турдиев роҳбарӣ мекунад. Дар "Ҷоми кишварҳои арабӣ" мунтахабҳои ҷавонони 15 кишвар ширкат меварзанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив