LIVE

Футболбозони ҷавони тоҷик ба шаҳри Қоҳира сафар карданд

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (бозигарони соли таваллудашон 2003 ва аз он хурд) барои иштирок дар Ҷоми Миллатҳои Араб-2021 ба Миср рафт. Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Аҳлиддин Турдиев 23 бозингар - 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро бо худ ба Қоҳира бурд. Аксари бозингарони асосии дастаи ҷавононро футболбозони тими “Динамо”-и Душанбе ташкил медиҳанд.  Инчунин ду легионер - нимҳимоятгар Ҳамадони Камолов аз тими “Райо Махадаонда”-и Испания ва ҳамлагар Муҳаммадалӣ Азизбоев аз дастаи “Металлург”-и Ӯзбекистон даъват шудаанд. Дар Ҷоми Миллатҳои Араб дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи “B” бо тимҳои Марокаш 20-уми июн, Аморати Муттаҳидаи Араб 23-юми июн ва Ҷибути 26-уми июн бозӣ мекунад. Дар маҷмӯъ, дар Ҷоми миллатҳои Араб дар соли 2021, ки ба чор гурӯҳ тақсим шуданд, 16 дастаи ҷавонон ширкат меварзанд. Дар охири марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду даста ба даври плей-офф роҳ меёбад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив