LIVE

ДАСТАИ МУНТАХАБИ ҶАВОНОНИ ТО 19 СОЛИ ТОҶИКИСТОН (U-19) ҶАМЪОМАДИ ДУЮМИ ОМӮЗИШИВУ МАШҚИЯШРО ДАР ДУШАНБЕ ШУРӮЪ НАМУД

Имрӯз, 3 ноябр, дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 соли Тоҷикистон (U-19) бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев ҷамъомади дуюми дуҳафтаинаи омӯшиву машқии худро дар душанбе оғоз кард.
Мубин Эргашев барои ширкат дар ин чорабинӣ 27 бозигар, аз ҷумла 4 дарвозабон, 8 муҳофизатгар, 8 ниммуҳофизатгар ва 7 ҳамлагарро даъват кардаст. Мувофиқи нақшаи ситоди мураббиён дар ин ҷамъомади омӯзишиву машқӣ даста рӯзе се маротиба тамрин мекунад.
Ёдрас мешавем, ки марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё аз 3 то 20 моҳи марти соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад. Дастаи ҷавонони мо дар гурӯҳи «D» баромад мекунад. Рақибони дастаи Мубин Эргашев дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳои мунтахаби ҷавонони Малайзия, Яман ва Қатар мебошанд.
Чор дастаи беҳтарини марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2021 соҳиби роҳхат ба чемпионати ҷаҳон байни ҷавонони зери 20 сол (U-20) мешаванд. Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонони зери 20 сол (U-20) дар давлати Индонезия баргузор хоҳад шуд.
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 соли Тоҷикистон (U-19) барои иштирок дар ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар Душанбе:
Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»), Шоҳрух Қирғизбоев, Самандар Каримов (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев («Барқчӣ»);
Муҳофизон: Алиҷон Кароматуллозода (КМВА), Қиматшо Муминшоев («Панҷшер»), Манучеҳр Сафаров, Исроил Холов, Муҳаммад Саломзода, Ҷонибек Шарипов, Шоҳрух Сангов (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Сафиаллоҳи Назарзода («Хатлон»);
Ниммуҳофизон: Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), Амадони Камолов («Истиқлол»), Шерзод Дадабоев, Муҳаммад Бӯризод, Ҳикматило Исмоилов (ҳама аз «Барқчӣ»), Эмомалӣ Аҳмадхон, Шӯҳрат Элмуродов, Шарифбек Раҳматов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Металлург», Узбекистон), Рустам Соиров («Истиқлол»), Салам Ашурмамадов («Истаравшан»), Азизбек Ҳасанов, Парвиз Ҳоҷиев (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»).
Сармураббӣ – Мубин Эргашев.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив