LIVE

Бохти 11-уми мунтахаб бо роҳбарии Усмон Тошев

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии рафиқона аз тими миллии Баҳрайн шикаст хӯрд. Бозӣ миёни ин ду мунтахаб дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб сурат гирифт ва бо ҳисоби 1:0 ҷамъбаст шуд. Голи ягонаи ин дидорро Муҳаммад Саад дар дақиқаи 44-уми бозӣ ба ҳадаф расонд. 
Миллипӯшони тоҷик бори 5-ум бар муқобили футболбозони баҳрайнӣ дидор анҷом доданд. Футболбозони мо 2 мусовӣ ва 3 бохтро ба қайд гирифтаанд.
Шогирдони Усмон Тошевро рӯзи 12-уми ноябр бозии дигари рафиқона интизор аст. Онҳо бар муқобили мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб дидор анҷом медиҳанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив