LIVE

Аввалин тамрини мунтахаб дар Тошканд

Имрӯз бо мақсади анҷом додани бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон ба шаҳри Тошканд сафар намуд. Миллипӯшони тоҷик баъд аз сафараввалин тамрини худро анҷом доданд. Машқҳо дар майдони Академияи футбли Бунёдкор сурат гирифт. Дар баробари расидан ба шаҳри Тошканд муҳофизатгари мунтахаби кишвар ва тими Бунёдкор - Давронҷон Эргашев ба ҳайати даста ҳамроҳ шуд. Шогирдони Усмон Тошев имрӯз низ тамринҳои пеш аз бозиро анҷом медиҳанд. Рақобати дӯстонаи мунтахабҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон фардо соати 19-00 баргузор мешавад. Бори охир тимҳои миллии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон соли 2011 миёни ҳам вохӯрӣ анҷом дода буданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив