LIVE

Бозии дӯстонаи Хуҷанд ва Бунёдкор муссовӣ анҷом ёфт

Дастаи "Хуҷанд" дар варзишгоҳи "20 солагии Истиқлолият" дар шаҳри Хуҷанд бо бошгоҳи футболи "Бунёдкор"-и Тошканд бозии дӯстона анҷом дод. Ин дидор бо натиҷаи муссовии 2:2 ба поён расид. Дар дақиқаи 28-уми рақобат ҳамлагари "Хуҷанд" Дилшод Бозоров ҳисобро боз намуд. Баъди 4 дақиқаи дигар Санҷар Рихсибоев натиҷаро дуранг 1:1 кард. Фирдавс Чакалов дар поёни қисми аввал мизбононро ббоз ба пеш баровард, аммо дар оғози қисми дуюм Шоҳрух Гадоев натиҷаро баробар намуд. 
   Ҳайати дастаи "Бунёдкор"-и Ӯзбекистонро ғайр аз се футболбози асосӣ Санҷар Қодирқулов, Хуршед Ғиёсов, Дилшодбек Аҳмадалиев ва дарвозабон Абдумавлон Абдуҷалилов, ки ба дастаи мунтахаби Ӯзбекистон барои бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 даъват шудаанд,  футболбозони асосӣ ташикил медиҳад. Ин даста дар мусобиқаи Суперлигаи Ӯзбекистон баъди 21 даври бозиҳо зинаи сеюмро ишғол менамояд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив