LIVE

Ғалабаи Хуҷанд бар тими мунтахаби Ӯзбекистон


Дастаи "Хуҷанд" марҳилаи омодагии хешро барои ширкат дар нимаи дуюми чемпионат мамлакат байни дастаҳои Лигаи олӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон идома дода истодааст. Дирӯз дар шаҳри Бекобод бозии аввали дӯстонаи футболбозони "Хуҷанд" бо дастаи ҷавонони Ӯзбекистон U-18 доир гардид. Ин вохӯрӣ бо ғалабаи тарбиятгирандагони Виталий Левченко бо ҳисоби 3:1 хотима ёфт. Голҳоро аз дастаи "Хуҷанд" Ҷаҳонгир Эргашев, легионер Юрий Захаркив ва Хуршед Убайдуллоев (худгол) ба самар расониданд. Дар ин бозии дӯстона дар ҳайати дастаи "Хуҷанд" якчанд футболбозоне ба майдон омаданд, ки ҳоло дар санҷиш қарор доранд. Инҳо ҳамагар Юрий Захаркив, ҳимоятгар Богдан Митсин, дарвозабон Андрей Полтавтсеев (ҳама - Украина), ниммҳимоятгарон Илсур Самигуллин (Россия) ва собиқ ҳамлагари «Пандҷшер» ва дастпарвари «Динамо»-и Минск Хуршед Абдуллоев мебошанд. 

Бозии дӯстона.

Ӯзбекистон (U18) 1:3 «Хуҷанд»

Голҳо: Ҷахонгир Эргашев, 5' (0:1). Ҳусайн Норчаев, 10' (1:1). Юрий Захаркив, 51' (1:2). Хуршед Убайдуллоев 90' – автогол (1:3).

«Хуҷанд» (Тоҷикистон): Андрей Полтавтсев (Муминҷон Гадойбоев, 82') Соҳибджон Ҳакимов (Богдан Митсин, 46'), Давронҷон Эргашев, Ойбек Абдуғаффоров, Комрон Мирзонажод (Турсуналӣ Рустамов, 46'), Бахтиёр Чориев (Илсур Самигуллин, 46'), Фирдавс Чакалов (Хуршед Абдуллоев, 79'), Дилшод Каримов (Манучеҳр Аҳмедов, 73'), Мухаммадшарифи Саидхоҷа (Парвиз Алиев, 73'), Юрий Захаркив (Дилшод Восиев, 57'), Ҷахонгир Эргашев (Дилшод Бозоров, 57').

15 июля. Бекобод. Варзишгоҳи «Металлург». 150 тамошобин.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив