LIVE

Пента-трики Дилшод Восиев дар бозӣ бо "Панҷшер" ФОТО

Бозии мавқуфмондаи даври 9-уми чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои "Хуҷанд" ва "Панҷшер" дар варзишгоҳи "20 солагии Истиқлолият" бо ғалабаи калони соҳибони майдон ҷамъбаст шуд. Ҳамлагари дастаи "Хуҷанд" Дилшод Восиев дар ин вохӯрӣ панҷ дфъа ба задани гол дастёфта, ба истилоҳ "пента-трик" анҷом дод. Ҳамлагари дигари мизбонон Турсунали Рустамов муаллифи се гол ё "хет-рик" ҳуд. Як туби дигар ба ҳимоятгар Фирдавс Чакалов таалуқ дорад. Шогирдони Виталий Левченко бо ин пирӯзии калон ба зинаи дуюми ҷадвал баромаданд. Ҳоло дар ҳисоби онҳо баъди 10 бозӣ 17 хол аст. 



Лигаи олӣ. Бозии мавқуфмондаи даври 9-ум  

«Хуҷанд» - «Панҷшер» - 9:0

Голҳо: Дилшод Восиев, 4 (1:0). Дилшод Восиев, 14 (2:0). Турсунали Рустамов, 16 (3:0). Турсунали Рустамов, 18 (4:0). Турсунали Рустамов, 23 (5:0). Дилшод Восиев, 30 (6:0). Дилшод Восиев, 50 (7:0). Фирдавс Чакалов, 63 (8:0). Дилшод Восиев, 68 - аз пеналти (9:0).

Хуҷанд: Давид Купатадзе (Муъминҷон Гадойбоев 52), Соҳиб Ҳакимов, Даврон Эргашев, Дилшод Каримов, Фирдавс Чакалов, Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Чориев, Комрони Мирзонажод (Парвиз Алиев 66), Ҷаҳонгир Эргашев (к) (Манучеҳр Аҳмедов 49), Дилшод Восиев, Турсунали Рустамов.  

Панҷшер: 

Довар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе) 

Хуҷанд, варзишгоҳи "20 солагии Истиқлолият" 3000 тамошобин 


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив