LIVE

Парвиз Умарбоев ба ҳайати мунтахаби кишвар ҳамроҳ шуд

Тими мунтахаби Тоҷикистон пеш аз бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бар муқобили Миянма дар шаҳри Куала-Лумпур тамрини ниҳоии хешро баргузор кард. Ба ҳайат легионерҳо - дифоъгарон Фарҳод Восиев («Нефтехимик», Россия), Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия) ва инчунин ниммуҳофизатгар Парвиз Умарбоев («Локомотив», Булғористон), ки дар бозии дӯстона бо Малайзия иштирок надоштанд, ҳамроҳ шуданд. Шогирдони Усмон Тошев дар шаҳри Куала-Лумпур бо ҳайати пурра тамрини ниҳоии худро баргузор намуданд. Субҳи имрӯз, 12-уми ноябр ҳайати мунтахаби кишвар барои анҷом додани бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бар муқобили Миянма ба шаҳри Мандалайи ин кишвар сафар кард. Ёдовар мешавем, ки бозӣ байни мунтахабҳои Миянма ва Тоҷикистон санаи 14-уми ноябр соати 15:30 бо вақти Душанбе дар назар аст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив