LIVE

Шаш голи Марокаш ба дарвозаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон иборат аз бозингарони то 19 сола рақобатҳои худро дар Ҷоми Миллатҳои Араб-2021, ки дар кишвари Миср ҷараён дорад, шуруъ намуд. Дирӯз футболбозони кишвар, ки шомили гурӯҳи “В”-и мусобқот мебошанд, дар аввалин рақобати худ бар муқобили тими миллии Марокаш вориди майдон шуданд. Дидори дастаҳо бо ҳисоби 1:6 ба фоидаи ҷавонони марокашӣ хотима ёфт. Ягона голи тими ҷавонони кишварро Хусрав Тоиров ба самар расонид. Ҳамакнун дар даври дуюми мусобиқа дастаи ҷавонони мо рӯзи 23-юми июн бо ҳамсолони худ аз АМА бозӣ мекунанд. Ин дидор соати 22:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Бозии охирини футболбозони тоҷик 26-юми июн бо Ҷибути дар назар аст. Дар маҷмӯъ, дар Ҷоми Миллатҳои Араб дар соли 2021, ки ба чор гурӯҳ тақсим шуданд, 16 дастаи ҷавонон ширкат меварзанд. Дар охири марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду даста ба даври плей-офф роҳ меёбад.    

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив