LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон ба Чемпионати Осиё-2020 меравад

Мунтахаби ҷавонони то 19 солаи Тоҷикистон имрӯз, 6-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020-ро бар муқобили тими миллии Сурия баргузор намуд. Дар ин бозӣ шогирдони Зайниддин Раҳимов бо ҳисоби минималии 1:0 пирӯз шуданд. Дар ин майдондорӣ ягона голи пирӯзиоварро Шаҳром Самиев ба самар расонида, пирӯзии мунтахаби кишварро таъмин сохт.  Баъди ин муваффақият миллипӯшони ҷавони мо дар гурӯҳ бо касби 9 имтиёз садрнишинанд. Ҳамин тавр мунтахаби ҷавонони то 19 сола солия оянда дар Чемпионати Осиё-2020, ки дар Ӯзбекистон сурат мегирад иштирок мекунанд. Ба чемпионати Осиё байни ҷавонони 19 сола, ки соли оянда дар Ӯзбекистон сурат мегирад ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 тим бо нишондоди беҳтарини дуюм роҳ пайдо мекунанд. Ба истиснои гурӯҳи “С” дар 10 гурӯҳи боқимонда бозиҳои марҳилаи муқаддамоти дар оғози моҳи ноябр баргузориаш ба нақша гирифта шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив