LIVE

Омодагии ҷавонони Тоҷикистон барои бозӣ бо Ҷопон

  Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон U-20 оид ба футзал аввалин бозии хешро дар чемпионати Осиё-2019 бо ҳамсолони худ аз Ҷопон пагоҳ оғоз мекунад. Мусобиқа аз 14 то 22-юми июн дар шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон идома карда,  дар он  12 дастаи мунтахаб ширкат карда, шомили 4 гуруҳ шуданд. Тими мунтахаби ҷавонони футзали мамлакат дари гуруҳи "С" бо тимҳои Ҷопон ва Ветнам рақобат мекунад. Аз ҳаммаи гуруҳҳо 2 дастаи беҳтарин ба даври 1/4 ниҳоӣ роҳхат мегирад. Ҷавонони Тоҷикистон зери роҳбарии мураббии ҷавон Эраҷ Носеҳов давоми як ҳафта машқҳои охирини хешро дар шаҳри Машҳад доир карда, як рӯз қабл аз мусобиқа озими шаҳри Табрез шуд. Тавре Комрон Шодиев-роҳбари департаменти футзали ФФТ ба мо иттилоъ дод, дастаи мо  қабл аз сафар ба Эрон ду бозии санҷишӣ бо дастаи ҷавонони Қирғизистон анҷом дода, дар як вохӯрӣ ғалаба кард ва бозии дигарро бо бохт анҷом додааст. Чемпионати Осиё миёни бозингарони ҷавон оид ба футзал соли дуюм мешавад, ки баргузор карда мешавад. Ҳанӯз соли 2017 дастаи мунтахаби ҷавонони мо дар як гуруҳ бо мунтахабҳои Индонезия, Ҷопон, Ветнам ва Тайпеи Чин бозӣ карда, аз гуруҳ баромада натавонист. Ғолиби аввалини мусобиқа дастаи ҷавонони Эрон мебошад, ки Ироқро дар финал бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда буд. 


Чемпионати Осиё-2019 оид ба футзал:

гуруҳи "С"
Даври 1-ум  (14-уми июн) 
 ТОҶИКИСТОН - Ҷопон
Даври 2-юм  (15-уми июн)
 Ветнам - ТОҶИКИСТОН
Даври 3-юм (16-уми июн)
 Ҷопон - Ветнам

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив