LIVE

Аввалин имтиҳони ҷиддӣ барои мунтахаби Тоҷикистон

Тими миллии Тоҷикистон маротибаи чаҳорум дар таърихи мавҷудияти хеш бо дастаи мунтахаби Чин рақобат мекунад. Ин вохӯрӣ имрӯз дар шаҳри Гуанжоу соати 17:00бо вақти Тоҷикистон доир мешавад. Мунтахаби футболи Чин, ки иштирокчии охирин чемпионати Осиё аст чанд рӯз пеш бо Филиппин дидори дӯстона анҷом дода бо ҳисоби 2:0 ғалаба ба даст овард. Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Усмон Тошев ин вохӯриро имтиҳони бениҳоят ҷиддӣ барои тими миллии мо мешуморад.
"Дарк мекунем, ки мунтахаби Чин тими пурқувват аст. Онҳо дар Ҷоми Осиё-2019 то ба марҳилаи 1/4 ниҳоӣ расида буданд. Наворҳои бози охири дастаро тамошо кардем. Таркиби ин тим иборат аз футболбозони соҳибистеъдод аст. Кӯшиш мекунем созовор ҳунарнамоӣ кунем"

 Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон Чин бори аввал 8-уми июни соли 1997 дар доираи бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-1998 дар Пекин бо ҳам рақобат карда буданд. Он дидор бо натиҷаи муссовӣ 0-0 анҷом ёфта буд. Маротибаи дуюм дастаҳо 8-уми декабри соли 1998 дарБозиҳои осиёӣ рӯ ба рӯи ҳамдигар омаданд, ки футболбозони мо бо ҳисоби 3-1 ба бохт дучор омаданд. Бори охир дар соли 2010 вохӯрии тимҳо дар шаҳри Кунмин доир шуда, бо ғалабаи калони мизбонон 4:0 хотима ёфт. Дар се бозии қаблӣ футболбозони мо 6 гол сар дода як дафъа дарвозаи чиниҳоро рахна карданд. Ягон футболбозе, ки то кунун ба дарвозаи Чин гол задааст, Рустам Забиров мебошад. 

Бозии дастаҳои мунтахаби Чину Тоҷикистон дар варзишҳи "Тянҳе", ки майдони хонагии дастаи "Гуанжоу Эвергранд" мебошад, доир мегардад.
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив