LIVE

“Ал-Наср” бо Роналду ва сармураббии нав низ шикаст хӯрд

Дар бозии даври 25-уми мусобиқоти қаҳрамонии Арабистони Саудӣ, тими “Ал-Ҳилол” дар майдони худ “Ал-Наср”-ро қабул кард. Вохӯрӣ бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфт.

Дар дақиқаи 42-юм ҳамлагари собиқи дастаи МЮ - Одион Игало бо зарбаи 11-метра ҳисобро боз кард. Дар дакикаи 62-юм ба дарвозаи «Ал-Наср» боз як пеналтӣ таъин шуд, ки онро низ Игало ба гол табдил ёфт.

Ҳамлагари “Ал-Наср” Криштиану Роналду тамоми бозӣро дар майдон бидуни гол гузаронид. Дар дақиқаи 57-ум футболбоз корти зард гирифт. Даста таҳти роҳбарии мураббии нав Динко Иличич аввалин бозӣ маҳсуб мешавад.

Дар мавсими имсолаи чемпионати Арабистони Саудӣ «Ал-Наср» дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқот қарор дорад. Даста 53 хол ба даст оварда, аз «Ал-Иттиход», ки як бозӣ кам дорад. «Ал-Ҳилол» бо 49 имтиёз дар ҷои чаҳорум аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив