LIVE

Роналду сармураббии “Ал Наср” - Гарсияро аз вазифааш озод кард

Мураббии фаронсавӣ Руди Гарсия аз вазифаи сармураббии тими “Ал Наср” барканор шуд, хабар медиҳад Marca.

Мураббиро ба далели натиҷаи бади даста ва бахусус, муносибати сард бо бозингарон барканор кардаанд. Гуфта мешавад, ки Гарсиа дар утоқи либоспӯшӣ бо бозигарон ҷанҷол намудааст.

Инчунин хабар дода мешавад, ки Гарсиа умеди рохбариятро бароварда накард. Дастаи «Ан-Наср» дар ҷадвали мусобиқот дар ҷои дуюм қарор дорад, ки аз «Ал-Иттиҳод» 3 хол кам дорад ва то анҷоми мавсим 7 даври дигар мондааст.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҳамлагари “Ал-Наср” Криштиану Роналду аз сармураббӣ Гарсия ва бозӣе, ки даста зери роҳбарии ӯ нишон медиҳад, норозӣ аст.

Мутахассис тобистони соли 2022 ба "Ал-Наср" даъват шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив