LIVE

Кейлор Навас пешниҳоди “Ал-Наср”-ро қабул накард

Дарвозабони ПСЖ Кейлор Навас нияти ба “Ал-Наср” гузаштанро надорад, хабар медиҳад RMC Sport.

Ба иттилои манбаъ, клуби арабӣ дар фикри ҷалби ин дарвозабон аст, аммо худи футболбоз мехоҳад дар Аврупо бозиро идома диҳад ва равзанаи гузаришҳои тобистонаро интизор шавад.

Қабл аз ин хабар дода шуда буд, ки Навас бо ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду сӯҳбат кардааст. Қаблан Навас ва Роналду дар "Реал Мадрид" бозӣ кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки Навас соли 2019 аз "Реал Мадрид" ба ПСЖ гузашт. Шартномаи феълии дарвозабон бо парижиҳо то тобистони соли 2024 баста шудааст.
Дар мавсими имсола Навас дар як бозии чемпионати Фаронса ширкат кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив