LIVE

Пешсафии дастаи Бензема дар чемпионати Арабистони Саудӣ

Дар доираи бозиҳои даври сеюми чемпионати Арабистони Саудӣ дастаҳои “Ал-Рияд” ва “Ал-Иттиҳод” андари майдони рақобат гариданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи ба номи шоҳзода Фэсал Бин Фади шаҳри Риёз баргузор гардида, бо ҳисоби бузурги 4:0 ба фоидаи дастаи “Ал-Иттиҳод” анҷом ёфт.
Голҳоро аз ҳайати дастаи “Ал-Иттиҳод” дар ин бозӣ Карим Бензема дар дақиқаи 17-ум, Абураззоқ Ҳамдулла ду маротиба дар дақиқаҳои 25, 45+5 ва Солеҳ Ал-Амри дар дақиқаи 90+3 ба самар расониданд. Аз ҳайати “Ал-Рияд” – Ал-Аббос дар дақиқаи 89-ум пеналтиро ба самар расонида натавонист.
Ин ғалабаи 3 –юми дастаи “Ал-Иттиҳод” дар чемпионати Арабистони Саудӣ мебошад. Дастаи шаҳри Ҷидда ҳоло бо 9 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа маскан гирифтааст. “Ал-Рияд” бо 4 имтиёз дар ҷои 9-ум аст.
Дар даври оянда “Ал-Иттиҳод” рӯзи 28-уми август бо “Ал-Ваҳда” дар сафар ва “Ал-Рияд” бо “Ал-Раёд” дар ҳамин рӯз андари майдони рақобат мегарданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив