LIVE

Нокомиҳои «Истиқлол» дар Лигаи Чемпионҳи Осиё идома дорад

Дар доираи бозиҳои даври 3-юми гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дастаҳои «Ал-Ҳилол» ва «Истиқлол» андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Шоҳзода Файсал Бин Фаҳд»-и шаҳри Риёз бо ҳузури 13 158 тамошобин сурат гирифта, бо ғалабаи мизбонон (1:0) анҷом ёфт.
Дастпарварони  Виталий Левченко дар даври севум аз ғолиби феълии мусобиқот, бошгоҳи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:1 ноком гардиданд. Муаллифи голи ягона дар дақиқаи 52-ум Салмон Ал-Фараҷ шуд.
Пас аз се бозии пайи ҳам бошгоҳи «Истиқлол» ягон имтиёз ба даст наовардааст ва дар қаъри ҷадвал маскан гирифтааст.
«Истиқлол» бозии навбатии худро дар ин мусобиқаи бошукӯҳ 19-уми апрел баргузор мекунад. Рақиби бошгоҳи Душанбе боз «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бошгоҳи «Истиқлол» дар доираи бозиҳои гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо ҳисоби 4 бар 1 тавониста буд, ки "Ал -Ҳилол"-ро ноком созад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив