LIVE

Бозии рӯз:"Истиқлол"-АГМК. Талоши охирини "Истиқлол" барои роҳхати даври 1/8 ниҳоӣ

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар бозии охиринаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2021 бо бошгоҳи АГМК-и Ӯзбекистон рақобат мекунад. Ин бозӣ дар пойтахти Арабистони Саудӣ – шаҳри Риёз, дар Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд, шаби 30-юми апрел соати 23:50 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад. Дар бозии дигари даври охирини гурӯҳи «А» ҳамзамон дар варзишгоҳи ба номи Шоҳзода Файсал бин Фаҳди шаҳри Риёз «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ ва «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай»-и Имороти Муттаҳидаи Араб рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.
Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи “А” дастаи “Истиқлол” бо даҳ имтиёз дар зинаи аввал қарор дорад. Бошгоҳи “Ал-Ҳилол” низ даҳ имтиёз гирифтааст ва дар ҷойи дуввум мебошад. Дастаҳои “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” ва АГМК бо чор имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои севуму чорум ҷойгир шудаанд.
“Истиқлол” ва “Ал-Ҳилол” барои ғолиби гурӯҳ шудан ва ба даст овардани роҳхат ба даври ҳаштякниҳоии мусобиқа талош меварзанд. Ба «Истиқлол» барои роҳ ёфтан ба 1/8 финали мусобиқаи асосии бошгоҳии Осиё бозии охиринро мусовӣ кардан кофист. Дар бозии аввали ин дастаҳо «Истиқлол» АГМК-ро бо ҳисоби 3:2 мағлуб карда буд. Вале тимҳои “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” ва АГМК, новобаста аз натиҷаи бозиҳои даври охирин, аз роҳхат ба даври баъдӣ бенасиб монданд.
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив