LIVE

Карим Бензема расман бо "Реал" ва мухлисони даста хайру хуш кард

  Ҳамлагари фаронсавӣ Карим Бензема дар робита ба тарки дастаи «Реал Мадрид»  суханронии таъсирбахш кард. 
 

«Барои ман гап задан душвор аст. Ташаккури зиёд ба “Реал Мадрид”. Ба ҳамаи ҳамкасбонам. Ман тавонистам орзуямро амалӣ созам. Ман ҳеҷ гоҳ “Реал Мадрид”-ро фаромӯш намекунам, зеро онҳо беҳтарин дастаи  ҷаҳон ва таърих мебошанд. “Реал Мадрид” ҳамеша оилаи ман ҳаст ва  хоҳад буд. Ман хело ва хело аз мухлисон миннатдорам. Ташаккур ба ҳама!" - иқтибос меорад,  суханони Бенземаро дафтари матбуотии шаҳри Мадрид.

     Ёдовар мешавем, ки Бенземаи 35-сола аз соли 2009 дар ҳайати “Реал Мадрид”  бозӣ мекунад. Тибқи иттилои ВАО Карим Бензема ба дастаи “Ал-Иттиҳод”-и Арабистони Саудӣ гузариш мекунад. Бензема дар мавсими охирини худ дар ҳайати «Реал Мадрид» барандаи «Тӯби тиллоӣ»  гадида, дар 43 бозӣ ба задани 31 гол ва 6 ассист мушарраф гардидааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив