LIVE

Бензема шумораи голҳои худро бо Раул баробар кард

Ҳамлагари “Реал” - Карим Бензема аз рӯи нишондоди голҳо дар ҳайати дастаи мадридӣ бо Раул баробар шуд.
Дар доираи даври 36-уми сабқати Испания “Реал Мадрид” бар “Леванте” бо ҳисоби 6:0 пирӯз шуд. Дар ин дидор Карим Бензема як гол зад. Барои ҳамлагари фаронсавӣ ин гол бо пероҳани “Реал Мадрид” 323-ум маҳсуб мешавад ва ҳамлагари собиқи даста Раул низ 323 гол задааст.  Ҳамакнун бозигарон дар феҳристи нишонзанҳои беҳтарини дастаи «шоҳона» ҷои дуюмро тақсим мекунанд. Криштиану Роналду бо 450 гол беҳтарин нишонзани «Реал Мадрид» аст.  
Бензема дар мавсими ҷорӣ дар ҳайати “Реал Мадрид” 44 бозӣ анҷом дода, ба задани 44 гол ва 15 партофти головар даст ёфтааст.
Шартномаи Бензема бо «Реал Мадрид» то 30 июни соли 2023 амал мекунад. Фаронсавӣ 11 сол аст, ки дар дастаи мадридӣ бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив