LIVE

Бензема аз рӯи голҳои як соли тақвимӣ Роналдуро дар пушти худ гузошт

Ҳамлагари тими “Реал Мадрид” Карим Бензема дар як соли тақвимӣ аз рӯи голҳо аз ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду пеш гузашт. Дар бозии даври 21-уми чемпионати Испания Бензема ба дарвозаи «Атлетик» ду гол зад (2:1).
Дар ҳисоби ӯ дар соли 2021 47 гол ба қайд гирифта шуд. Роналду 46 гол дорад. Аз рӯи ин нишондод ҳамлагари “Бавария” Роберт Левандовски бо 69 гол пешсаф аст. Ҷойи дуюмро ҳамлагари «ПСЖ» Килиан Мбаппе ва бозигари «Боруссия» Эрлинг Ҳолланд, ки дар соли 2021 49 голӣ задаанд, тақсим кардаанд.
Дар мавсими имсолаи Чемпионати Испания Бензема 18 бозӣ анҷом дода, ба задани 15 гол ва 7 партофти головар даст ёфтааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив