LIVE

Бо омадани Мбаппе низ Карим мавқеашро дар “Реал” гум намекунад

Ҳамлагари “Реал Мадрид” - Карим Бензема ният дорад, ки фаъолияти худро дар клуби Мадрид идома диҳад. Дар ин бора матбуоти Испания хабар медиҳад. Дар ояндаи наздик, ҳамлагари фаронсавӣ ҳайати асосии мадридиҳоро тарк карданӣ нест. 
Бензема омодааст, ки барои ҳайати асосӣ мубориза барад, ҳатто агар ҳамлагари “ПСЖ” - Килиан Мбаппе ба даста ҳамроҳ шавад. Ёдовар мешавем, ки Мбаппе ҳанӯз дар бораи шартномаи нав бо бошгоҳи Париж ба мувофиқа нарасидааст. Карим Бензема давоми 12 соли охир аст, ки дар дастаи “Реал Мадрид” бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив