LIVE

Бензема:"Мефахрам, ки аз Месси ва Роналду пеш гузаштам"

      Ҳамлагари “Реал Мадрид” - Карим Бензема аз рӯи фарзияи Marca беҳтарин бозигари мавсими 2019/2020 дар чемпионати Испания эълон шуд.
      Хотиррасон мекунем, ки дар охири мавсими гузаштаи чемпионати Испания “Реал Мадрид” 87 имтиёз ба даст оварда, ҷойи аввалро ишғол кард. Дар мавсими гузашта, ҳамлагари фаронсавӣ дар 37 бозии дастааш ширкат варзида, 21 гол ва 8 партофти головар анҷом додааст. Ёдовар мешавем, ки аз соли 2009 ба ин сӯ танҳо ҳамлагарон Лионел Месси ва Криштиану Роналду беҳтарин бозигарони ин мавсим мешуданд.

    "Ин бароям хеле арзишманд аст. Мефахрам ва меболам, ки  ин ҷоизаро ба даст овардам. Месси ва Роналдо бисёр ҷоизаҳоро соҳиб шудаанд. Мефахрам, ки аз  онҳо пеш гузашта, соҳиби ин дастовард шудам"-мегӯяд Бензема. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив