LIVE

Бензема аз Ди Стефано пеш гузашт

Ҳамлагари 34-солаи фаронсавии тими «Реал Мадрид» - Карим Бензема, ки дар бозии ҷавобии 1/8 ниҳоии плей-оффи Лигаи Чемпионҳо бо дастаи «Пари-Сент-Жермен» (3:1) хет-трик кард, аз чихати шумораи голхо ба зинаи сеюми нишонзанҳои беҳтарини дастааш баромад. Голи сеюми Бензема ба дарвозаи ПСЖ 309-умин голи ӯ дар ҳайати “Реал Мадрид” дар тамоми мусобиқаҳо маҳсуб мешавад. Аз рӯи ин нишондод ӯ аз Алфредо Ди Стефанои афсонавӣ (308) пеш гузашт. Аз ҳамлавари фаронсавӣ танҳо Раул (323) ва Криштиану Роналду (450) голи бештар доранд.  Бензема дар мавсими ҷорӣ дар ҳайати “Реал Мадрид” дар тамоми мусобиқот 33 бозӣ анҷом дода, ба задани 30 гол ва 12 партофти головар даст ёфтааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив