LIVE

Карим Бензема ба зинаи панҷум баромад

Дар бозии ҷавобии марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА “Реал Мадрид” дар майдони худ бар “Аталанта” ғолиб омад. Мулоқот дар варзишгоҳи Алфредо ди Стефанои Мадрид баргузор шуд ва бо ҳисоби 3:1 хотима ёфт. Дар дақиқаи 34-ум Карим Бензема як голро бо кӯмаки Лука Модрич ба ҳадаф расонд. Ин гол барои ҳамлагари фаронсавӣ дар Лигаи Чемпионҳо 70-умин маҳсуб мешавад. Дар рӯйхати голзанони мусобиқа ӯ ҷои панҷумро ишғол мекунад ва ба собиқ ҳамлагари “Реал” Раул (71 гол) наздик мешавад. Ёдовар мешавем, ки нишонзани беҳтарин дар таърихи Лигаи қаҳрамонҳо Криштиану Роналду  бо 134 гол маҳсуб мешавад, Лионел Месси (120) дуюм ва Роберт Левандовски (72) сегонаи беҳтаринро ишғол мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив