LIVE

Ҳамлагари асосии “Интер” бо “Реал” бозӣ намекунад

Ҳамлагари “Интер” - Ромелу Лукаку дар бозии 3-юми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо бар зидди “Реал Мадрид” бозӣ намекунад, хабар медиҳад Corriere dello Sport. Тибқи иттилои манбаъ, футболбози 27-сола фурсати барқароршавӣ аз мушакҳои рони чапашро пайдо накардааст. Дар ҳоли ҳозир Ромелу ба таври инфиродӣ тамрин мекунад. Ҳоло дар қароргоҳи бошгоҳи миланиҳо умедворанд, ки ҳамлагари белгиягӣ барои дидор дар охири ҳафта бо “Аталанта” дар чемпионати Италия ба майдон бармегардад. Бозии “Реал Мадрид” ва “Интер” рӯзи 3-юми ноябр дар варзишгоҳи Алфредо ди Стефанои Мадрид баргузор мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив