Рӯзномаи муътабари итолиёвӣ “Corriere dello Sport” анонси бозии марказии даври 14-уми Серияи А миёни дастаҳои “Интер” ва “Рома”-ро бо сарлавҳаи “Ҷумъаи сиёҳ”, ки дар поёни он акси бозигарони сиёҳпӯсти “Интер” Ромелу Лукаку ва муҳофизатгари “Рома” Крис Смоллинг тасвир ёфтааст, нашр кард.
Ин “ҳазл” ё “бозёфт”-и эҷодии муаллифони мақолаи мазкур аз ҷониби хонандагон чун нажодпарастӣ маънидод шуд.
Бозӣ миёни ду дастаи пешсафи ҷадвал рӯзи 6-уми декабр дар “Сан-Сиро” сурат мегирад. Бошгоҳи “Интер” пешсафи Серияи А буда, римиҳо дар ҷойи панҷуманд.