LIVE

Бензема аз Месси ва Левандовский пеш гузашт

Карим Бензема, ҳамлагари 33-солаи фаронсавӣ, ҷоизаи беҳтарин бозигари мавсими 2020/2021-ро  дар Аврупо, ки маҷаллаи фаронсавии Onze Mondial тақдим кардааст, ба даст овард. Дар овоздиҳӣ ба ӯ муяссар шуд, ки аз ҳамлагари аргентинии "Барселона" Лионел Месси, ки 20,1% овозҳоро ба даст овардааст ва Роберт Левандовски аз "Бавария" -и Мюнхен (11,3%) пеш гузарад.  Ба худи Карим  47,3% пурсидашудагон овоз доданд. Бензема дар мавсими ҷорӣ дар 45 бозии “Реал Мадрид” дар ҳамаи мусобиқаҳо ширкат варзида, ба задани 29 гол ва 8 партофти головар даст ёфтааст. Месси дар 48 бозӣ 38 гол ва 14 партофт дорад, Левандовски бошад, дар 39 бозӣ 47 гол ва 9 партофтро ба номаш сабт намудааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив