LIVE

Бензема пас аз чанд соат дастаи нави худро эълон мекунад

«Ал-Иттиҳод» барои ду сол бо Карим Бензема шартнома мебандад. Клуби Арабистони Саудӣ  - «Ал-Иттиҳод» бо Карим Бенземаи 35 сола барои бастани шартнома ба мувофиқа расидааст.

Рӯзи 4-уми июн “Реал Мадрид” эълон кард, ки бо Бензема шартномаро тамдид намекунад. Дар Арабистони Саудӣ Бензема 200 миллион евро маош мегирад.

Бензема аз соли 2009 дар ҳайати “Реал Мадрид” бозӣ мекунад ва бо 353 гол пас аз Криштиану Роналду дуввумин нишонзани беҳтарин дар таърихи бошгоҳ маҳсуб меёбад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив