LIVE

Карим Бензема дар бозиҳои плей-офф 33 гол дорад

Ҳамлагари дастаи “Реал Мадрид” Карим Бензема дар бозии ҷавобии даври 1/8 финал бо “Ливерпул” (1:0) дар даври плей-оффи Лигаи Чемпионҳо голи 33-юмро ба самар расонд.

Ҳамлагари 35-солаи фаронсавӣ аз рӯи ин нишондод дар таърихи мусобиқот дар ҷои севум қарор дорад. Дар пеш ҳамлагари "ПСЖ" Лионел Месси (49 гол) ва ҳамлагари “Ал-Наср”-и Саудӣ Криштиану Роналду (67) қарор доранд. Роберт Левандовски («Барселона») аз Бензема се гол қафо мондааст ва Томас Мюллер («Бавария», 26 гол) низ дар панҷгонаи беҳтарин мебошанд.

Инчунин, ҳамлагари тими “Реал Мадрид” дар феҳристи голзанҳои таърихи Лигаи Чемпионҳо дар ҷои чаҳорум қарор дорад. Бензема 89 гол задааст. Танҳо Криштиану Роналду (140), Лионел Месси (129) ва Роберт Левандовски (91) гол доранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив