LIVE

Левандовски дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои ЛЧ ба зинаи сеюм баромад

Ҳамлагари тими “Барселона” - Роберт Левандовски дар феҳристи голзанҳои беҳтарини Лигаи қаҳрамонҳо ба ҷои севум баромад.  Дар бозии даври 1-уми сабқати гурӯҳӣ  ба дарвозаи тими «Виктория Плзен» (5:1) ҳамлагари лаҳистонӣ хет-трик анҷом дод.
Пас аз ин Левандовски шумораи голҳои хешро дар Лигаи Чемпионҳо ба 89 адад расонид. Вай аз ҳамлагари “Реал Мадрид” - Карим Бензема (86) пеш гузашт.
Ҷойи дуюмро ҳамлагари ПСЖ Лионел Месси бо 125 гол ишғол мекунад. Рекордгузори Лигаи Чемпионҳои Аврупо ҳуҷумгари «Манчестер Юнайтед» Криштиану Роналду бо 140 гол маҳсуб мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив