LIVE

Левандовски боз беҳтарин бозигар эътироф шуд

Ҳамлагари тими “Бавария”-и Олмон ва мунтахаби Полша - Роберт Левандовски аз рӯи натиҷаҳои назарсанҷии World Football Summit (Саммити ҷаҳонии футбол) беҳтарин футболбози сол эълон шуд.
Левандовски дар ин назарсанҷӣ аз ҳамдастааш Ҷошуа Киммих ва капитан ё сарвони тими "Барселона"-и Испания Лионел Месси, ки дар ҷойи севум қарор гирифт, пеш гузашт.
Ҷоиза ба Левандовски рӯзи 27-уми ноябр супорида мешавад. Ӯ дар 30 бозии Бундеслигаи Олмон 2019/20 34 гол ва дар Лигаи қаҳрамонҳо 15 гол задааст.
Ёдовар мешавем, қаблан нашрияи Goal феҳристи беҳтарин футболбозони ҷаҳонро дар соли 2020 тартиб дода буд. Ҳамлагари бошгоҳи "Бавария" Роберт Левандовски беҳтарин бозигари сол дониста шуд.
Дар ин феҳрист ҷойи дувумро нимҳимоятгари дастаи "Манчестер Сити"-и Англия Кевин Де Брюйне ишғол кард. Ҷойи севумро ҳамлагари тими "Барселона"-и Испания Лионел Месси касб намуд.
Неймари бразилӣ аз дастаи “Пари Сен-Жермен” (ПСЖ)-и Фаронса дар ҷойи чаҳорум ва Криштиану Роналдуи португалӣ аз тими “Ювентус”-и Италия дар ҷойи 5-ум қарор гирифтанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив