LIVE

Криштиану Роналду боз ҳам Лионел Мессиро ба фаромушӣ бурд

Ҳамлавари португалии «Ал-Наср» Криштиану Роналду дар бозии даври 17-уми Про-лигаи саудӣ муқобили «Ал-Иттиҳод» (5:2) ба задани ду гол даст ёфт.
Ҳамин тариқ, футболбози португалӣ аз рӯи шумораи   дублҳо дар маснади касбӣ бо ҳамлавари «Интер Майами» Лионел  Месси (157) баробар шуд. Ҳамчунин Криштиану Роналду ба зинаи аввали беҳтарин нишонзанҳои соли 2023 бо 53 гол баромад.
Ёдрас мекунем, ки Роналду дар сафи «Ал-Наср» аз моҳи январи соли 2023 баромад намуда, қарордоди кории ӯ бо бошгоҳ то соли 2025 мӯҳлат дорад. Мавсими ҷорӣ Роналду дар сафи «Ал-Наср» 24 бозӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо гузаронида,  23 голу 11 партофти голӣ ба омор гирифтааст.
«Ал-Наср» дар зинаи дуюми ҷадвали чемпионати Арабистони Саудӣ бо 43 хол аз 18 бозӣ қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив