LIVE

Шогирдони Гвардиола ба самти ҷоизаи нав шитоб мекунанд

Дар бозии даври нимниҳоии Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо -2023 дастаҳои “Урава”-и Ҷопон ва “Манчестер Сити”-и Англия ба масофи ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи ба номи шоҳ Абдулло Спортс Ситии шаҳри Ҷидда дар ҳузури 40 127 нафар мухлис баргузор гардида, ба фоидаи дастаи “Манчестер Сити” бо ҳисоби 0 бар 3 анҷом ёфт.
Бозигари дастаи “Урава” – Мариус Хёйбратен дар дақиқаи 45+1 ба дарвозаии дастааш гол зад ва ҳисобро ба фоидаи дастаи шаҳри Манчестер боз кард. Дар идома Матео Ковачич дар дақиқаи 52-юм ва Бернарду Силва дар дақиқаи 59-ум голҳои “Манчестер Сити”-ро ба самар расониданд.
Бо ин ғалаба дастаи “Манчестер Сити” ба финали Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо дар соли 2023 роҳ ёфт. Дар финал дастпарварони Гвардиола бо дастаи “Флуминенсе”-и Бразилия бозӣ мекунанд. Вохӯрии дастаҳо рӯзи 22-юми декабр соати 23:00 дар Арабистони Саудӣ баргузор мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив