LIVE

Эрлинг Ҳоланд ҳама рекордҳоро иваз мекунад

Эрлинг Ҳоланд дар таърихи бошгоҳи “Манчестер Сити”  аввалин бозигаре шуд, ки дар аввалин бозиҳои Премйер-Лигаи Англия  ва Лигаи Чемпионҳо гол ба самар расонидааст.
Футболбози норвегиягӣ дар бозии аввали марҳилаи гурӯҳии  ЛЧ  якбора дар ҳайати «Манчестер Сити» дар бозӣ муқобили “Севиля”  ба задани 2 гол даст ёфт. Голи аввалро дар дақиқаи 20-уми ва голи дуюмашро  дар дақиқаи 67-ум ба самар расонид.  
Ҳоланд дар мавсими имсола дар ҳайати “шаҳриҳо” дар 8 бозӣ ба задани 12 гол даст ёфтааст. Дар ЛЧ бошад, Ҳоланд 25 гол дорад.  
Ёдовар мешавем, ки вохӯрии дастаҳои  “Севиля” ва “Манчестер Сити”  дар варзишгоҳи «Рамон Санчес Писхуан»-и шаҳри Севиля доир шуда, бо ҳисоби бузурги 4 бар 0 ба нафъи дастпарварони Гвардиола анҷом ёфт. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив