LIVE

"Реал" аз нахаридани Ҳоланд пушаймон нест

«Реал Мадрид» бозигаре ҷустуҷӯ дорад, ки дар оянда ба ҷои Карим Бензема баромада, ҳамлагари асосии даста шавад. Тобистони гузашта клуби мадридӣ аз фурсати хариди Эрлинг Ҳоланд, ки ба “Манчестер Сити” гузашт, истифода накард. «Реал Мадрид» дар мубориза барои ҳамлагари норвегиягӣ чандон фаъол иштирок накард, зеро онҳо ба интиқоли ҳамлагар Килиан Мбаппе аз ПСЖ ҳамчун агенти озод умед доштанд. Тавре зикр гардид, атрофиёни Ҳоланд низ барои гузаштан ба “Реал Мадрид” чандон фаъол набуданд.
Ба навиштаи Marca, “Реал Мадрид” аз сатҳи бозӣ, ки Ҳоланд пас аз гузаштан ба “Манчестер Сити” нишон медиҳад, ҳайрон нест, аммо онҳо ба ҳар ҳол боварӣ доранд, ки беҳтарин ҳамлагари ҷаҳон Карим Бензема дар Мадрид бозӣ мекунад. Тавре зикр гардид, «Реал Мадрид» пушаймон нест, ки Ҳоланд ба даста нагузаштааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив