LIVE

Ба «Реал» чӣ шуд? аз пушти Мбаппе Ҳоландро аз даст дод

Бино ба гузориши Get French Football News, “Реал Мадрид” аз даъвати Эрлинг Ҳоланд даст кашид, зеро ба Мбаппе умед дошт. 
Ҳоло Ҳоланд ба “Ман Сити” рафт ва Мбаппе наздик аст, ки дар Париж бимонад.
«Мадридиҳо барои Ҳоланд зиёд талош накарданд ба хотире, ки бо Мбаппе маслиҳати пешакӣ доштанд ва ҳамлагар ҳамчун агенти озод бо маоши 50 миллион дар як созиш доштанд.  Аммо дар ҳоле, ки Мбаппе бояд ба Испания мекучид, шайхҳои арабӣ барои ӯ 100 млн евро маош ва 200 млн евро ҳамчун мукофот пешниҳод карданд.  Ҳамлагари фаронсавӣ аз фикраш гашт ва дар Париж корномаи худро идома додан мехоҳад.  
Дарвоқеъ, Ҳоланд барои Перес нақшаи B буд. Ҳоло онҳо нақшаи B надоранд ва “Реал Мадрид” дар таҳлука афтодааст, зеро касе то ин замон бо бошгоҳи “Шоҳона” чунин муносибат накарда буд.  
Ҳамлагар то ҳол дар байни “Реал Мадрид” ва ПСЖ интихоб накардааст. Як назария вуҷуд дорад, ки фаронсавӣ сарфи назар аз созиш бо “Реал Мадрид” ба мондан дар ПСЖ наздик аст ва президенти “Реал” Флоретино Перес гӯё ба бозигарон гуфтааст, ки Мбаппе бозигари мо нахоҳад шуд. 
Модари футболбоз гуфт: “Мо бо “Реал Мадрид” ва ПСЖ шартнома дорем, пешниҳодҳо баробаранд. Килиан интихоби худро дорад." Худи бозигар тасмимашро рӯзи 23-юми май расман эълон хоҳад кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив