Президенти “Реал Мадрид” Флорентино Перес ба ҳамлагари ПСЖ Килиан Мбаппе шартнома пешниҳод кард.
Ба иттилои манбаъ, "Реал" ният дорад, ки фаронсавиро ҳамчун агенти озод ба даст орад. Перес ба Мбаппе шартномаи 6-сола бо маоши тақрибан 40 миллион евро пешниҳод кард.
Бо вуҷуди ин, “Пари Сен-Жермен” намехоҳад ҳамлагари фаронсавӣ ба шаҳри Мадрид гузорад ва кӯшиш хоҳад кард, ки ба ӯ пешниҳоди дигар кунад. Шартномаи Мбаппе бо ПСЖ то 30 июни 2022 эътибор дорад.
Ёдовар мешавем, ки тобистон ҳамлагар метавонист ба “Реал” биравад, аммо парижиҳо пешниҳоди клуби мадридиро напазируфтанд. Мбаппе иқрор шудааст, ки аз раҳбарияти Париж хоҳиш кардааст, ки ӯро озод кунанд.