LIVE

“ПСЖ” пешниҳоди “Реал”-ро дар мавриди Мбаппе рад кард

“Пари Сен-Жермен” пешниҳоди “Реал” -ро дар бораи ҳамлагар Килиан Мбаппе қабул накард.
Ба иттилои манбаъ, клуби шаҳри Париж омода нест, ки ҳамлагари худро бо арзиши 160 миллион евро ба дастаи дигар равон созад.  Интизор меравад, ки "Реал" ақибнишинӣ намекунад ва кӯшиши дигаре барои ба даст овардани Мбаппе мекунад.
Ёдовар мешавем, ки шартномаи феълии Мбаппе бо “ПСЖ” то 30-юми июни 2022 эътибор дорад. Мбаппе аз соли 2017 дар "ПСЖ" бозӣ мекунад ва пеш аз ин ӯ дар “Монако” ҳунарнамоӣ мекард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив