Ҳамлагари «ПСЖ» - Килиан Мбаппе бо дастаи «Реал» шартнома мебандад. Ҷонибҳо мақсад гузоштанд, ки қарордодро бо тамоми ҷузъиёт то рӯзи 18-уми март ба итмом расонанд. Бошгоҳи шаҳри Мадрид расман ин гузаришро дар баробари анҷоми мавсим эълон хоҳад кард. Ба иттилои манбаъ, маоши Мбаппе дар як сол 25 миллион евро хоҳад буд. Аммо ҳамлагар имкон дорад, ки аз 60 то 80 миллион еврои дигар ҳамчун мукофот бигирад. Ёдовар мешавем, ки Мбаппе аз соли 2017 дар ҳайати ПСЖ бозӣ мекунад. Қарордоди ӯ бо дастаи шаҳри Париж дар баробари анҷоми мавсими соли 2022 хотима меёад. Қаблан маълум шуд, ки парижиҳо бо бастани шартномаи нав то соли 2024 мехостанд, ки футболбози 23-соларо дар даста нигоҳ доранд. Тибқи шартнома, Мбаппе дар як мавсим 50 миллион евро маош мегирад. Агар ҳамлагар барои бастани шартномаи нав розигӣ диҳад он вақт роҳбарияти ПСЖ ба ӯ 100 миллион евро мукофот ваъда кардаанд.