LIVE

“Барса” ба Мбаппе аз “Реал” дида маблағи бештар пешниҳод кард

Ҳамлагари фаронсавии ПСЖ Килиан Мбаппе метавонад тобистони соли оянда ба “Барселона” гузарад. Дар ин бора AS хабар медиҳад.
Каталониҳо омоданд, то ба футболбози 22-сола 90 миллион евро мукофотпӯлӣ пешниҳод кунанд. Раҳбарони "Барселона" бовар доранд, ки "Реал Мадрид" омода аст ба бозигари фаронсавӣ танҳо ҳамчун мукофот 50 миллион евро пешниҳод созад. Клубҳо бовар доранд, ки Мбаппе шартномаашро бо ПСЖ тамдид намекунад. Ёдовар мешавем, ки Килиан аз соли 2017 дар ПСЖ бозӣ мекунад ва пеш аз ин ӯ дар “Монако”-ро ҳимоя мекард. Шартномаи феълии Мбаппе бо ПСЖ то 30 июни 2022 эътибор дорад.

Next Post

Комментарии 1

Мухлиси Ашадии Реал мадрид
Мухлиси Ашадии Реал мадрид от 25 октября 2021 01:56
Агар Эмбапе барои бул ин корхоро мекард бо ПСЖ шартонама мебаст ки дар як сол 50 млн мегирифт оке

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив