LIVE

"Реал" аз Мбаппе даст кашид

Сомонаи  расмии Sky Sports хабар медиҳад, ки роҳбарияти дастаи шоҳонаи “Реал” аз харидории форварди ҷавони “ПСЖ” Килиан Мбаппе даст кашид. Дирӯз мадридиҳо боз дар кӯшиши сеюми худ ба “ПСЖ” 180 млн евро бо ҷамъи иловапӯлӣ пешниҳод намуданд, ки соҳибмулки парижиҳо ин пешниҳодро рад намуда, аз онҳо 200 млн евро талаб намуд. Ҳамин тавр “гаразмониҳо” ба хулосае омаданд, ки аз харидории Килиан Мбаппе даст кашанд.
Ҳоло дастаи мадридӣ ният дорад, ки дар моҳи январ бо Мбаппе тамос гирад ва ба ӯ шартномаи пешакӣ пешниҳод кунад. Ин ба “Реал Мадрид” имкон медиҳад, ки тобистони соли оянда ситораи ҷавони фаронсавиро ройгон ба имзо расонад.
Ёдовар мешавем, ки қарордоди феълии Мбаппе бо ПСЖ то 30 июни 2022 эътибор дорад. Килиан аз соли 2017 дар ПСЖ бозӣ мекунад ва пеш аз ин ӯ шарафи “Монако”-ро ҳимоя мекард. Дар мавсими гузаштаи Чемпионати Фаронса ҳамлагар дар 31 бозӣ иштирок карда, 27 гол ва 7 партофти головар анҷом додааст. Вай инчунин дар 10 бозии Лигаи чемпионҳо 8 гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив