LIVE

ПСЖ барои Мбаппе шартномаи нав пешниҳод мекунад

Роҳбарияти  бошгоҳи "ПСЖ"  ба ҳамлагар Килиан Мбаппа шартномаи нав ба муҳлати 5 сол ва маоши солонаи 36 миллион евро пешниҳод карданист. Неймар низ дар даста ҳамин қадар маош мегирад. Дар ин бора рӯзноманигор Николо Шира дар саҳифаи Твиттераш хабар додааст. Ёдовар мешавем, ки шартномаи феълии Мбаппе тобистони соли 2022 ба анҷом мерасад. Моҳи август ПСЖ ду пешниҳоди Реал Мадридро дар бораи Мбаппе рад кард.  1 январ "Реал Мадрид" имконият пайдо мекунад, ки бо ҳамлагари 22-сола шартномаи пешакӣ бандад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив