LIVE

Мбаппе барои рад кардани “Реал” аз ПСЖ 100 млн € мегирад

«Пари Сен-Жермен» барои Килиан Мбаппега шартномаи нав бо маблағи миёншикан пешниҳод кард.   Ба иттилои манбаъ, бошгоҳи фаронсавӣ ба ҳамлагари 23-сола шартнома пешниҳод мекунад, ки то соли 2024 амал мекунад. Тибқи шартҳо, Мбаппе дар як мавсим 50 миллион евро маош мегирад. Ҳамзамон агар ӯ қарор кунад, ки дар ПСЖ боқӣ монад мукофотпулӣ дар ҳаҷми 100 миллион € хоҳад гирифт.
Мбаппе аз соли 2017 дар ҳайати ПСЖ бозӣ мекунад. Дар аввал ӯ аз Монако бо иҷораи яксола гузашт. Соли 2018 парижихо шартномаи футболбозро ба маблағи 145 миллион евро харида буданд. Созишномаи феълии ҳамлагар то охири соли 2022 ба охир мерасад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив