LIVE

Дар дербии Манчестер шогирдони Эрик тен Хаг ғалаба карданд.

Бозии даври 20-уми Премйер-Лигаи Англия барпо гардид, ки дар он «Манчестер Юнайтед» дар доираи дерби «Манчестер Сити»-ро кабул кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Олд Траффорд» баргузор шуд. 
Шогирдони Хосеп Гвардиола дар дақиқаи 60-ум бо голи Ҷек Гриалиш ба пеш баромаданд. 
«Девҳои сурх» таслим нашуданд ва дар дақиқаи 78-ум ба шарофати зарбаи дақиқи Бруно Фернандеш тавонистанд ҳисобро баробар кунанд. Баъди чанд дақиқа соҳибони майдон пешсаф шуданд. Рэшфорд ба дарвозаи Эдерсон голи ғалаба оварро зад. «Манчестер 
Ба шарофати ин ғалаба «Манчестер Юнайтед» 38 имтиёз ба даст оварда, ба зинаи сеюми Премйер-Лигаи Англия баромад ва ба «Манчестер Сити» наздик шуд. Дастаи Хосеп Гвардиола 39 хол дорад, ки аз пешсаф “Арсенал” 5 хол кам аст.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии даври аввал «Манчестер Сити»   бо ҳисоби 6 бар 3 «Манчестер Юнайтед»-ро шикаст дода буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив