Дар варзишгоҳи “Итихад” бозии даври 26-уми Премйер Лигаи Англия байни дастаҳои "Манчестер Сити" ва "Вест Хэм Юнайтед" баргузор шуд. Шогирдони Хосеп Гвардиола бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд. Тибқи иттилои Opta Sport, пирӯзии “Манчестер Сити” бар “Вест Хэм” 500-умин ғалабаи Хосеп Гвардиола ба ҳайси сармураббӣ дар тамоми мусобиқаҳо гуфта мешавад. Нишондодҳои Гвардиола дар тамоми фаъолияти мурабигии худ чунин аст: “Барселона” - 179 пирӯзӣ, “Бавария” - 121, “Манчестер Сити”- 200.