Сармураббии бошгоҳи «Манчестер Сити» - Хосеп Гвардиола аз рӯи фарзияи Globe Soccer “Беҳтарин мураббии асри XXI” эълон шуд. Дар маросими овоздиҳӣ мутахассиси испанӣ бо 34% овозҳо аз сармураббии «Реал» - Зинедин Зидан (30%), собиқ сармураббии «Манчестер Юнайтед» Алекс Фергюсон (27%) ва сармураббии «Тоттенхэм Хотспур» - Жозе Моуринью (8%) пеш гузашта ин унвонро соҳиб шуд. Хосеп Гвардиола қаблан дар дастаҳои «Барселона Б», «Барселона» ва «Бавария» фаъолият намудааст.