LIVE

Голи Криштиану Роналду ба «МЮ» ғалаба овард

Бозии даври 10-уми Премйер-лигаи Англия барпо гардид, ки дар он «Эвертон» «Манчестер Юнайтед»-ро кабул кард. Дар дақиқаи панҷуми вохӯрӣ ҳамлагар Алекс Айуоби тавонист як шанси голзаниро истифода кунад. Дар дақиқаи 15-ум «Манчестер Юнайтед» ҳисобро баробар кард. Энтони пас аз партофти Антони Марсиал гол зад. Дар дақиқаи 29-ум Марсиал захмӣ шуд, ба ҷои ӯ Криштиану Роналду вориди майдон шуд. Португалиягӣ тавонист дар дақиқаи 44-уми вохӯрӣ дастаашро ба пеш барорад ва ин гол ғалабаи “Девҳои сурх”-ро таъмин намуд.    «Манчестер Юнайтед» 15 хол ба даст оварда, дар чемпионат ба зинаи панчум баромад. «Эвертон», ки 10 хол дорад, дар зинаи 12-ум аст. Ёдовар мешавем, ки ин дуюмин голи Роналду дар мавсими ҷорӣ бо пероҳани МЮ маҳсуб мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив