LIVE

Тен Хаг дар “Манчестер Юнайтед” ба дастоварди таърихӣ ноил шуд

Сармураббии 52-солаи ҳолландии «Манчестер Юнайтед» Эрик тен Хаг пас аз пирӯзӣ дар бозии даври 3-юми Чемпионати Англия бо «Ливерпул» (2:1) ба як дастоварди таърихӣ ноил шуд.  
Ба иттилои манбаъ, Тен Ҳаг аввалин мураббии «Манчестер Юнайтед» гардид, ки дар нахустин бозиаш бар зидди «Ливерпул» ғалаба ба даст овард.
Ёдовар мешавем, ки Эрик бо ду шикасти паиҳам дар Премйер-Лигаи Англия - аз “Брайтон” (1:2) ва аз “Брентфорд” (0:4) кори худро бо "Манчестер Юнайтед" шурӯъ кард. Ба шарофати ғалаба бар «Ливерпул» даста тавонист аз зинаи охирини ҷадвали мусобиқа ба зинаи 14-ум барояд. Дар даври навбатӣ “Девҳои сурх” бо «Саутгемптон» рӯзи 27-уми август баромад мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив